Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи дигари худ сипоси амиқи худро ба собиқ Канслери федеролӣ Ангела Меркел барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста иброз карданд. Президенти кишвар бо ишора ба хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тӯли солҳои гузашта баргузор шудаанд, нақши Ангела Меркелро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои номбурда дар ин ҷода арҷгузорӣ ва ба ӯ сиҳатмандии комилу саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзӯ намуданд.
«Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахшатон ба сифати Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.
Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.
Умедворам, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
http://president.tj/node/27360