Дар Берлин Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ доданд

28.12.2021 15:31

1.jpg22 декабри соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бо иштироки намояндагони диаспораи тоҷикон, донишҷӯёну муҳассилини мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии ин кишвар чорабинӣ баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо зимни баромади худ нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро зикр намуда, ҳидоятҳои Сарвари кишварро дар пиёдасозии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ба ҳамватанони бурунмарзӣ шарҳ дод.

Зикр гардид, ки ҳадафҳои гузоштаи роҳбарияти олии кишвар қабл аз ҳама ба маҳзи беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ равона гардидаанд. Ҷонибдорӣ аз иқтисоди сабз ва рушди саноат, ислоҳоти соҳаи маориф, дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва таъмини сулҳу субот аз ҷумлаи ҳидоятҳои созандаи Президенти Тоҷикистон ба шумор рафта, бори дигар ҳамқадами ҳаёти имрӯза будани сиёсати хирадмандонаи ӯро собит менамоянд.

Соҳибназар Ғайратшо аз донишҷӯён даъват намуд, ки бо донишҳои хуб ва рафтори шоиста аз фанновариҳои муосири Аврупо баҳравар гардида, дар рушду нумуъи кишвари худ саҳмгузор бошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg