Сафорати Тоҷикистон дар Берлин иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) ва Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Лаҳистон рӯзҳои 10-11 марти соли 2022 бо мақсади бозпасгардонии шаҳрвандони тоҷикистонӣ ду парвози башардӯстона дар масири Варшава-Душанбе сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тавассути парвозҳои чартерӣ 305 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (теъдоди зиёди занону кӯдакон) бомуваффақона ба Ватан баргардонида шуданд.
Бақайдгирии шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Лаҳистон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ идома дошта, дар марҳилаҳои навбатӣ имконияти танзими парвози иловагии башардӯстона бо мусоидати Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) аз Варшава ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад.