17 марти 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо вакили Бундестаги Олмон, узви Кумитаи корҳои хориҷӣ Манфред Грунд (CDU/CSU) мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва парлумонӣ, ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гардиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
