23 марти соли 2022 мулоқоти Сафир Имомудин Сатторов бо мудири федеролии Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон Урс Ункауф баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар атрофи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо BWA ва чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда табодули афкор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳодияи федеролии рушди иқтисод ва савдои берунии Олмон (BWA) соли 2003 бо қароргоҳ дар Берлин таъсис ёфта, 17 сол инҷониб тасмим ва лоиҳаҳои ширкатҳои аъзои худро (ҳудуди 1000) дар бисёр кишварҳо ба таври мақсаднок ва самаранок дастгирӣ мекунад. Аъзои BWA асосан ширкатҳои бахшҳои мухталиф маҳсуб меёбанд, ки онҳо ояндаи рушди тиҷорати худро дар асоси ҳамкории муваффақ бо истинод ба арзишҳо пеш мебаранд.