Форуми Наврӯз дар Ҳамбург

31.03.2022 19:56

28 марти соли 2022 бо ибтикори Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофоти федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, Президенти Форуми Наврӯз – Иттиҳодияи муколамаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ Куруш Пуркиён ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ зери унвони “Паёми сулҳ” таҷлил карда шуд.

Дар ин маърака муовини Президенти Бундестаги Олмон хонум Айдан Ӯзогюз, мушовири давлатӣ ва ваколатдори махсуси музофоти федеролии Ҳамбург оид ба муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва робитаҳои хориҷӣ хонум Алмут Мёллер, Консули генералии ИМА дар Ҳамбург Дарион Акинс, роҳбарони консулгариҳои генералии кишварҳои мухталифи мустақар дар Ҳамбург, намояндагони ВАО, доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-фарҳангӣ, соҳибкорон ва намояндагони ҷамъияти Наврӯз иштирок доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар баромади худ қайд кард, ки “Наврӯз дар таҳкими робитаҳои байнимардумӣ нақши муҳим дошта, анъанаву расму оинҳои фарҳангӣ ва қадимии тамаддунҳои Шарқу Ғарбро, ки дар заминаи табодули арзишҳои инсонӣ паҳн гаштааст, инъикос мекунанд. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсозии халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдат дар тамоми олам мебошад”.

Имомудин Сатторов аз доираҳои иқтисодӣ, намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва соҳибкорони муваффақи музофоти федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Олмон даъват ба амал овард.

Ҳамчунин, миёни иштирокчиён ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ табодули афкор сурат гирифт

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg