Раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад.
Барои гирифтани раводиди стандартӣ аз Сафорат дархостҳо бояд дар сомонаи интернетии www.visa.gov.tj хонапурӣ карда шаванд.
Раводиди электронӣ
Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои гирифтани раводид ба роҳ монда шудааст дар сомонаи www.evisa.tj.