Машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ
17-18 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Ҳайатҳои ду кишвар бо роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти гузаронидани машваратҳои мунтазамро дар сатҳҳои гуногун қайд намуда, онҳоро ҳамчун механизми муҳими тавсеа ва таҳкими шарикии ду кишвар арзёбӣ карданд.
27 декабри соли 2017 дар шаҳри Бишкек машваратҳои дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуда, дар ҷараёни он Протокол ба имзо расида, масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Соли 2018 Қирғизистон дар байни 190 давлати узви СММ қатъномаро, ки аз ҷониби Тоҷикистон унвони "Таҳлили миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” оғоз шудааст, дастгирӣ кард.
Тоҷикистон дар навбати худ дар доираи иҷлосияи 75-уми МУ СММ лоиҳаи қатъномаи "Табиат сарҳадро намедонад: ҳамкории фаромарзӣ омили калидӣ дар ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ"-ро, ки аз ҷониби ҷониби Қирғизистон пешниҳод шудааст, дастгирӣ намуд.
27 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Дар доираи машваратҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби ҳаракат ва будубоши шаҳрвандон, инчунин дигар ҷанбаҳои муҳими фаъолияти консулӣ муҳокима карда шуданд. Дар зимн ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва идомаи муколамаи созанда таъкид карданд.
10 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар сатҳи сардорони раёсатҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ баргузор шуданд. Дар ҷараёни мулоқот ташхиси (инвентаризатсия) заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва таҳлили ҳолати заминаи дуҷонибаи он гузаронида шуд.