Мулоқоти Сафир бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон

02.03.2022 17:58

2 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниязалиев баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун ва ташкили вохӯриҳо байни вазорату идораҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg