22 марти соли 2022 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.