13 апрели соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳодисаи рӯзи 12 апрелро, ки дар мавзеи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа қурбонӣ ба қайд гирфта шуд, мавриди муҳокима қарор доданд. С. Муҳриддин амалҳои сарбозони Қирғизистонро маҳкум карда, талаб намуд, ки тафтишоти холисона нисбат ба ҳодисаи рухдода гузаронида, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар карда, масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ва вохӯрии роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро, ки 13 майи соли 2022 дар Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирон оид ба тамосҳои доимӣ ба мувофиқа расиданд.