Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда аз 11 декабр то 19 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо ба таҳияи санадҳои минбаъдаи лоиҳавии гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз бахшиданд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҷонибҳо корро дар ин самт дар ҳудуди Қирғизистон идома хоҳанд дод.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.