Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

27.11.2025 11:00

 

27-11-2025-11-40.jpg27-11-2025-11-43.jpg

27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок кард.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар доираи СААД, аз ҷумла рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои муҳими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули муфассали афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи ҷаласа қарору изҳоротҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи амният ва пешгирӣ аз таҳдидҳои фаромарзӣ нигаронида шудааст, мувофиқа намуданд.

https://mfa.tj/tg/main/view/17859/ishtiroki-vaziri-korhoi-khoriji-dar-jalasai-mushtaraki-shvkkh-shvm-va-kksha-saad

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg