10 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Эрон Ваҳид Ҷалолзода роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои гуногуни марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan