Иштирок дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) дар кӯли Иссиқкӯли Қирғизистон

01.08.2026 19:58

55433711322-bc980ba5fc-b.jpg

55435075215-4ef7bb703b-b.jpg

1 августи соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O), ки дар болои кӯли Иссиқкӯл ҷараён гирифт, иштирок намуданд.

Даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Узбекистон баргузор гардид.

Тавре иттилоъ доданд, ин нахустин баргузории чунин навъи машҳури варзиш дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар он 15 варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ аз 12 кишвар сабқат намуданд.

 

https://www.president.tj/event/news/56481

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg