Қабули нусхаи эътимодномаи Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.09.2026 23:14

 

4 сентябри 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элхан Ҷаҳонгир оғлуро  ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Вазири корҳои хориҷӣ сафири Озарбойҷонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатӣ дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg