Шиносномаи хориҷӣ

28.01.2021 12:08

Тартиби судури шиносномаҳои хориҷӣ

 

Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
  • “Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳад?

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд.

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

- Ариза ба номи Сафорат ва анкета (шакли муқарраршуда);

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он;

- шиносномаи хориҷии эътибордошта ва нусхаи он;

- шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он;

- шаҳодатномаи акди никоҳ ва нусхаи он (дар ҳолатҳои дахлдор);

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (виза, корти иқомат);

-расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ.

 

Суратҳисоби бонкии Сафорат:

ING BANK

IBAN: BE37 3631 6787 6728

SWIFT/BIC: BBRUBEBB

Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия бо мақсади муайян намудани мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ў ба шаҳрвандии давлати дигар метавонад ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд. 

 

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар диҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg