Шаҳодатномаи бозгашт

28.01.2021 12:08

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар диҳад.

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 30 рўз дода мешавад.

Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.

 

Барои гирифтани шаҳоданомаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

  1. Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда);
  2. Нусхаи шиносномаи дохилӣ;
  3. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
  4. Ду адад сурат (3х4).

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg