Таъйиди ҳуҷҷат ва Апостил

28.01.2021 12:09

Таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳо 

      Таъйиди консулӣ чист?

Таъйиди консулӣ аз муайян намудан ва тасдиқи мувофиқати ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ба қонунгузории давлате, ки онҳоро таҳия намудааст иборат буда, шаҳодати қонунӣ будани имзои шахси масъул ва мўҳри идораи салоҳиятдори он давлат дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ҷиҳати истифодабарии онҳо дар давлати дигар мебошад.

Таъйиди консулӣ амали қонунии ҳуҷҷат ва санадҳоро дар муомилаи байналмиллалӣ тасдиқ менамояд.

Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳокимияти минтақаи консулӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия гардидааст, таъйид менамояд. Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшаванда, бояд қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори расмии давлати иқомат таъйид шуда бошанд.

Муассисаҳои консулӣ метавонанд ҳақиқӣ будани имзо ва мўҳрҳои шахсони масъули ҳокимияти минтақаи консулӣ, ки салоҳияти таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро доранд, ё бо иштироки онҳо тартиб дода шудаанд, дархост намоянд.

Дар сурате, ки Консул ба мувофиқати ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бо қонунҳои давлати иқомат шубҳа пайдо намояд, ў ҳуқуқ дорад, ки барои тафсири расмӣ ба ҳокимияти давлати иқомат муроҷиат намояд.

Ҷиҳати таъйид, ҳуҷҷат ва санадҳо чӣ дар шакли нусхаи аслӣ ва инчунин нусхаҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида қабул карда мешаванд.

Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бояд возеҳ ва фаҳмо навишта шуда бошанд. Имзои шахсони масъул ва мўҳри онҳо бояд рўшан ва хоно бошанд.

 

Кадом намудаи ҳуҷҷатҳо ғайри қобили таъйид мебошанд?

Нусхаи аслии ҳуҷҷат ва санадҳои зерин ғайри қобили таъйид мебошанд: шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи узвияти иттифоқи касаба, шаҳодатномаи ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳое, ки мансубиятро ба табақа ё мазҳаб шаҳодат медиҳанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин шаҳодатномаи техникӣ дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.

 

Барои анҷом додани таъйиди консулӣ чи гуна ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ариза ба номи Сафорат (шакли озод);

- Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият (шиносномаи дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);

- Асл ва нусхаи ҳуҷҷат ва ё санад, ки бояд таъйид карда шавад;

- Расид оид ба пардохти боҷӣ консулӣ.

Суратҳисоби бонкии Сафорат:

ING BANK

IBAN: BE37 3631 6787 6728

SWIFT/BIC: BBRUBEBB

 

Апостил

Апостил дар куҷо гузошта мешавад?

Штампи «Apostille» ба ҳуҷҷатҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳо гузошта мешавад. Апостил дигар намудҳои тасдиқотро талаб намекунад ва аз тарафи мақомотҳои расмии мамлакатҳои аъзои Созишномаи Гаага дар бораи Апостил, ки розигии худро дар бораи шинохтани чунин апостил дар ҳудуди мамлакатҳои дигар додаанд, шинохта мешавад. Дар мавридҳое, ки агар асосҳои ҳуқуқӣ барои бекор намудани қонунигардонии ҳуҷҷат мавҷуд бошад, мумкин аст, ки Апостил истифода бурда нашавад, монанди Созишнома дар бораи кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ (мисол, Созишномаҳои Минск ва Кишинёв).

Мақомотҳои давлатӣ, ки ваколати гузоштани Апостилро дар ҳуҷҷатҳои расмӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, инҳо мебошанд:
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои расмии зерин Апостил мегузорад:

Ҳуҷҷатҳо аз мақомоти САҲШ
(шаҳодатнома дар бораи таваллуд, шаҳодатнома дар бораи вафот, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатнома дар бораи фарзандхондӣ, шаҳодатнома дар бораи тағйир додани ном, номи падар ва насаб, шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қайди ақди никоҳ ва маълумотномаҳои дигар);

Ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариусҳо дода мешаванд
(шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқ ба мерос, шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба ба ҳиссаи молу мулки муштараки зану шавҳар, розигӣ барои сафари кӯдак, розигии шавҳар ё зан барои анҷом додани аҳд, ки тасдиқоти нотариалиро тақозо мекунад, шаҳодатномае, ки далели зинда будани шахсро тасдиқ мекунад, нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқшудаи чунин ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳо, тарҷумаи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи нотариус тасдиқ карда шудаанд ва ғайра);

Ҳуҷҷатҳои мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷроиявӣ
(варақаи иҷро бо қайди иҷрои ҳукм, санадҳои судӣ (қарори судӣ, ҳукмҳои суд аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, қарорҳои суд, таъиноти судӣ, фармони судӣ), варақаҳои иҷроиявӣ, ки дар асоси санадҳои судӣ дода мешаванд, варақаҳои судӣ, ки дар асоси қарорҳои судҳои ҳакамӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд ва ғайра);

Ҳуҷҷатҳои мақомоти прокуратура
(қарори прокурор, амри прокурор, эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, муҷозот барои ҳабс ва ғайра);

Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии зерин Апостил мегузорад:

Ҳуҷҷатҳо доир ба таҳсилот
(шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти умумӣ ва миёна, диплом дар бораи таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ, дипломи номзади илм, дипломи доктори илм, маълумотномаи академӣ, варақаи шахсии таълимгиранда, шаҳодатнома дар бораи гузаштан аз як муассисаи таҳсилоти олӣ ба дигар муассиса ва ҳуҷҷатҳои дигар);

Ҳуҷҷатҳои дигар
(маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ, патент ё шаҳодатнома барои ҳуқуқи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, маълумотномаи бойгонӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки аз тарафи бойгонӣ дода мешаванд ва дигар ҳуҷҷатҳо).

Барои гузоштани Апостил ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

  • Ариза барои гузоштани Апостил аз тарафи аризадиҳанда ё шахси ваколатдор дар асоси ваколатнома;
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мушаххасоти аризадиҳанда (пешниҳод карда мешавад);
  • Ҳуҷҷати расмие, ки барои гузоштани Апостил пешниҳод карда мешавад (дар ду нусха пешниҳод карда мешавад: нусха ва аслӣ, нусхаи аслӣ ба аризадиҳанда бо Апостили гузошташуда баргардонида мешавад);
  • Нусхаи шаҳодатнома дар бораи РМА;
  • Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ – барои аризадиҳандагони шахсони ҳуқуқӣ;
  • Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлатӣ (расидҳо).

Суратҳисоби бонкии Сафорат:

ING BANK

IBAN: BE37 3631 6787 6728

SWIFT/BIC: BBRUBEBB

 

Феҳристи ягонаи қайди Апостил шабонарузӣ дар реҷаи онлайн дастрас аст ва шахси дилхоҳ имкон дорад, ки  онро тавассути сомонаи www.apostille.tj тафтиш намояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg