Муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Нидерланд

28.01.2021 11:52

istockphoto-1093317874-612x612.jpg

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ҳамзамон сафорати ғайримуқими кишвар дар Подшоҳии Нидерланд маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Подшоҳии Нидерланд дар Тоҷикистон дар ш.Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Нидерланд яке аз шарикони намоён ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо арзёбӣ мегардад.

Муносибатҳои дуҷониба байни ду кишвар дар марҳилаи такомул қарор доранд. Сатҳи робитаҳои имрӯза бо Подшоҳии Нидерланд, ки яке шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, хуб арзёбӣ мешаванд.

Абзори муҳимми робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, ки нахустин маротиба соли 2019 дар Гаага баргузор гардида буданд, ташкил медиҳад.

Тоҷикистон кӯмаку дастгирии Нидерландро дар масъалаҳои рӯзмарраи мубориза алайҳи хатарҳои глобалӣ ва ҳалли мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ пайваста эҳсос карда, қадрдонӣ менамояд.

Ҳамкориҳои давлатҳои мо дурнамои хуб доранд ва ҷониби Тоҷикистон хоҳони истифодаи фарогири имкониятҳое, ки дар ин самт мавҷуданд, мебошад.

 Ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ

Тоҷикистон ва Нидерланд узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ буда, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, СУС, БАТР ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби Нидерланд дастгирӣ ёфта, чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» бо ибтикори муштараки Ҳукуматҳои Нидерланд ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» доир гашт.

22-24 марти соли 2023 Тоҷикистону Нидерланд Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро дар Ню-Йорк мизбонии муштарак хоҳанд кард.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар бахши илм ва маориф асосан тавассути барномаи Эразмус+ ва дигар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шудаанд. Илова ба ин, Ҳукумати Нидерланд ҳамасола ба дипломатҳои ҷавон барои гузаштани давраҳои омӯзишӣ дар яке аз беҳтарин марказҳои сиёсию дипломатӣ - Академияи дипломатии Клингендали Шоҳигарии Нидерланд бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд.  

Дар Подшоҳии Нидерланд ду созмони тоҷикон, аз ҷумла конуни "Сомониён" ва Ҷамъияти "Рӯдакӣ" фаъолият менамоянд.

Пояи қарордиву ҳуқуқӣ

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо  (Душанбе,  соли 2002)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg