Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия, ҳамзамон ҳамчун Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург, инчунин Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) фаъолият мекунад.
Вазифаи асосии намояндагии дипломатӣ рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои мавриди назар ва ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо ва сохторҳои онҳо, инчунин СААШ, Паймони нерӯ, СУГ ва СМЯК мебошад.
Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишварамон, кор бо диаспораи тоҷик аз вазифаҳои калидии Сафорат ба ҳисоб меравад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардида, ҳамчун кишвари мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Белгия эътироф гардид. Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 29 апрели 1992 барқарор гардида, дар натиҷа Сафорати Подшоҳии Белгия дар Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар ш. Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон кушода шуд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Подшоҳӣ шаҳри Брюссел соли 2001 ифтитоҳ гардид. Намояндагии дипломатӣ дар бинои 5 ошёнаи таърихии соли 1917 ҷой гирифта аст.
11 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел иштирок дошт.
Дар бинои Сафорати Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо тоҷикону ҳамватанони муқими Белгия мулоқот намуд.
Дар пойтахти Подшоҳии Белгия шаҳри Брюссел, ки қалби Аврупо ба шумор меравад, кушода шудани Сафорати Тоҷикистон ва оғози фаъолияти босамари он дар густариши муносибатҳо бо ин кишвар ва сохторҳои байналмилалию аврупоии муқими ин шаҳр фоли нек аст.
Сафирони собиқ
2001 - 2006 - Шариф Раҳимов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия
2007 - 2010 - Ятимов Саймумин Сатторович, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия
2011 - 2016 - Солӣ Рустам, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия