Робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

01.03.2022 12:00

istockphoto-1089920930-612x612.jpg

Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо буда, онро ба сифати шарики муҳими байналмилалии худ, ки пайваста ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии захираҳои об, энергетика, идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд, арзёбӣ мекунад.  

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо аз соли 1992 оғоз шуда, тӯли давраи гузашта ба таври назаррас рушд ва тавсеа ёфтанд. Равобит миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар соли 1992 бо кушодашавии дафтари Барномаи кӯмаки техникӣ ба кишварҳои ИДМ (TACIS) дар Душанбе барқарор гардиданд. Иловатан Комиссияи Аврупо тавассути маблағгузории дигар созмонҳои байналмилалӣ ва дастгирии шарикон, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, мисли Барномаи СММ оид ба рушд (UNDP), инчунин бо дигар воситаҳои худ ба монанди Барномаи амнияти озуқа (FSP) ва ҳифзи шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои фавқулъода (ECHO) фаъолият мекард. Моҳи майи соли 2004 Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз соли 2009) ҳамчун намояндагии дипломатӣ расман ба кор оғоз кард.

Бо мақсади таъмини намояндагии Тоҷикистон дар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамзамон ҳамчун Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад.

Яке аз вазифаҳои Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаҳои дипломатӣ таъмин намудани рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисоду савдо, илм, фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, инчунин мусоидат ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ ва гирифтани тамос бо намояндагони мақомоти расмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои соҳибкории ИА мебошад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ

Нахуст заминаи ҳуқуқии равобитро Созишнома оид ба тиҷорат, ки миёни ИА ва ИҶШС дар соли 1989 имзо гардида буд ташкил медод. 11 октябри соли 2004 дар Люксембург баъд аз анҷоми гуфтушунид ва вохӯриҳое, ки дар тӯли чанд сол баргузор гардиданд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони корҳои хориҷии 25 мамолики узви Иттиҳоди Аврупо Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.  1-уми январи соли 2010 Созишномаи мазкур ба қувваи амал даромада, муносибатҳоро байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи сифатан нав баровард.

Мақсади Созишнома дар фароҳам овардани чаҳорчӯба барои муколамаи сиёсӣ, таҳия намудани асос барои ҳамкории қонунгузорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, шаҳрвандӣ, илмӣ, саноатӣ, технологӣ ва фарҳангӣ, мусоидат ба рушди савдо ва сармоягузорӣ, алалхусус, дар соҳаи энергетика ва захираҳои обӣ, инчунин мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба рушди иқтисодӣ ва тақвият ба саъю кӯшишҳои  Тоҷикистон дар пойдории демократия, рушди иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ ва таъмини гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ифода мегардад.

Ҳамкориҳои сиёсӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ин ҳамкорӣ авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аз аввали амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар амри дастгирӣ намудани нерӯҳои коалитсионии байналмилалӣ дар Афғонистон ва пешниҳод намудани инфрасохтори Тоҷикистон ба ин кишварҳо ба роҳ монда шудааст, ки шаҳодати возеҳи мавқеи ягона доштани ҷонибҳо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.

Таҳкими муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо заминаҳои мусоидро барои ташкили сафарҳои расмӣ дар сатҳи олӣ фароҳам оварданд. Панҷ маротиба сафарҳои расмиву кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо анҷом дода шуданд (феврали 2009 ба ш.Брюссел,  июни 2011 ба ш.Страсбург, апрели 2013 ва 1-2 декабри 2015 ба ш.Брюссел, инчунин октябри 2021 ба Брюссел).

Соли 2019 ба мақсади баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикисто ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Тускро ба ҳузур пазируфт.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо хонум Кэтрин Эштон соли 2012 ба Тоҷикистон боздид ба амал оварда, мулоқоти судманду пурмуҳтаво бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Аз замони касби истиқлолият муносибатҳо инкишоф ёфта, тамосҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИА дар сатҳҳои гуногун идома доранд.

Мутобиқи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ, ҷаласаҳои Шӯрои ҳамкорӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумитаи масоили рушд, Кумитаи парлумонии ҳамкорӣ мунтазам барпо мегарданд. Нақши абзорҳои дигари дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Муколамаи сиёсию амниятӣ ва Муколамаи ҳуқуқи инсон барои таҳкими муносибот назаррас мебошанд.

Дар сатҳи минтақавӣ равобити сиёсӣ бо Тоҷикистон дар чорчӯбаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони " Имкониятҳои нав барои таҳкими шарикӣ", ки моҳи майи соли 2019 аз ҷониби Шӯрои Аврупо қабул шудааст, амалӣ мегардад. Ин санад ҳуҷҷати дуюми барномавиест, ки Стратегияи нахустини соли 2007 қабулшударо мукаммал месозад.

 Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ

Тоҷикистон аз имтиёзҳои абзори дуҷонибаи тиҷоратӣ , аз ҷумла Низоми умумии итиёзҳо  (GSP), ки тавассути он кишварҳои тараққикунанда дастраси имтиёзнок ба бозори ИА ба даст меоранд,  баҳрабардор аст. Дар маҷмӯъ, воридоти имтиёзнок аз Тоҷикистон маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти саноати бофандагиро дар бар мегирад.

Бинобар маълумоти Комиссияи Аврупо дар соли 2021 ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба 401 млн. евро баробар шуд, ки 239 млн. евро воридот ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз ИА мошинолотҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти кимиёӣ ва пластикӣ, инчунин маҳсулоти тамоку ворид мекунад. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ба ИА дар маҷмӯъ фулузот ва маснуоти саноати бофандагӣ дар ҳаҷми 162 млн евро ташкил дод.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хамасола «Ҳафтаи Аврупо» дар Тоҷикистонро барпо намуда, дар доираи он барномаҳои васеи рӯйдодҳои фарҳангиро амалӣ менамояд. Ҳамзамон Сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҳамасола як теъдод тадбирҳои фарҳангиро пиёда менамояд, ки фестивали бошукуҳи Наврӯз дар саргаҳи он қарор дорад.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg