Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки сармоягузории Аврупо аз замони баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштадт дар соли 2009 оғоз ёфт.
Бонки сармоягузории Аврупо, ҳамчун бонки Иттиҳоди Аврупо, ки соли 1958 дар асоси Созишномаи Рим ташкил гардида, саҳми худро дар кори ҳамгироӣ, рушди мутавозин ва муттаҳидии иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тавассути сармоягузориҳои устувор, мегузорад.
Дар Осиёи Марказӣ Бонки сармоягузории Аврупо сиёсати ИА-ро бо мақсади диверсификатсияи захираҳои энергетикӣ дастгирӣ намуда, маблағгузории худро ба лоиҳаҳои таъминот ва интиқоли нерӯи барқ, ҳифзи муҳити зист ва рушди "иқтисоди сабз" равона мекунад.
Ҳамкориҳои фаъоли Тоҷикистон бо Бонк аз имзорасонии Созишномаи чаҳорчӯбӣ, ки ба танзими ояндаи қарздиҳии Бонк дар Тоҷикистон асос гузошт, оғоз гардиданд.