Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Паймони Нерӯ
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 аъзои Созмони Паймони Нерӯ гардида, ба Эъломияи сиёсӣ дар бораи рушди бисёрҷонибаи байналмилалӣ (ҳамкорӣ дар бахши энергетика), инчунин дар соли 1994 ба Аҳдномаи эъломияи Нерӯ ва Протоколи самаранокии нерӯ ва ҷанбаҳои марбут ба муҳити зист расман ҳамроҳ шуд.
Соли 1998 Тоҷикистон созишномаи тағйирот ба муқаррароти марбут ба савдо дар Аҳдномаи Паймони Нерӯ имзо намуд.
Заминаи рушди муносибатҳои дӯстонаю фаъол дар Брюссел октябри 2004 дар аввалин мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дабири Кулли Паймони нерӯ Риа Кимлер гузошта шуд. Риа Кимлер таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорони таъсиси Паймони нерӯ мебошад ва захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази диққати мамолики узви Паймон қарор дорад.
11 феврали 2009, Брюссел, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Белгия мулоқот бо Дабири кулли Хартияи Нерӯ Андре Мерние барпо гардида, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва дастгирии илмию техникии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
11 апрели 2013, Брюссел, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак ва Форуми созмондодаи Паймони нерӯ зери унвони “Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон” муфассал баррасӣ шуданд.
Созмони Паймони Нерӯ ба рушди ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иқтидор манфиатдор буда, иқдомотро ҷиҳати истифода қарор додани он имконот ва таъмини амнияти энергетикӣ дастгирӣ менамояд, дар маъракаҳои муҳими байналмилалии кишвар фаъолона иштирок менамояд ва роҳбарияти он тӯли давраи истиқлолият ба мақсади баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ боздид аз Тоҷикистон анҷом додааст.
20 июли 2012, Душанбе, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Паймони Нерӯ Урбан Руснакро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот масоили беҳсозии самарабахшии шабакаҳои барқӣ, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар ин соҳа муҳокима шуданд.
20 августи 2013, Душанбе, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Паймони нерӯ Урбан Руснак ҷараён гирифт. Бо ёдоварӣ аз натиҷаҳои форуми соҳибкорию сармоягузорӣ барои Тоҷикистон, ки бо мусоидати ин созмон чанде пеш дар шаҳри Брюссел баргузор гардида буд, ба густариши бештари ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.