Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ

04.01.2021 12:00

tajikistan-NATO.jpg

Робитаҳои Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ/НАТО) аз соли 1992 ҳангоми ба Шӯрои Ҳамкории Атлантикаи Шимолӣ (пас Шӯрои Ҳамкории Евро-Атлантикӣ (1997)) ҳамроҳ шудан сарчашма мегиранд.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) пас аз ҳодисаҳои мудҳиши 11-уми сентябри соли 2001 ва пас аз шурӯи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон нерӯи тоза гирифт.

Оғози ҳамкории амаливу фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин созмон метавон ба 20-уми феврали соли 2002 рабт дод, зеро маҳз ҳамин рӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия санадро оид ба ҳамроҳшавии кишвар ба Барномаи “Шарокат баҳри сулҳ”-и СААШ имзо намуд. Ҳадафи асосии барномаи номбурда тавсеаи фаъолияти кишварҳои шарик дар кори ин созмон мебошад. Моҳи марти соли 2003 бо пешниҳоди “Санади гузоришӣ”, ки дар он ҳадафу самтҳои асосии ҳамкорӣ бо ин созмон дарҷ ёфтаанд, ҷиҳати баррасӣ ба Котиботи СААШ аз ҷониби Тоҷикистон, давраи расмии ҳамкории Тоҷикистон бо созмони мазкур оғоз ёфт.

Тоҷикистон бо СААШ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар масири омодасозии кадрҳои низомӣ, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, поксозии гуманитарии минаҳо, нобудсозии муҳиммоти ҳарбӣ, амнияти сарҳадот, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, омӯзиши забонҳо пешгӯии офатҳои табиӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо ҳамкории босамар дорад.

Чунин ҳамкорӣ бештар дар доираи “Барномаи шарикӣ барои сулҳ”ва “Барномаи инфиродии шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ” (2004) сурат мегирад.

Гарчанде СААШ бевосита дар самти мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият намекунад, вале бо дарназардошти таҳдиду паёмадҳои ин ҷиноят, масъалаи номбурда низ дар маркази диққати ин созмон қарор дорад. Соли 2007-ум дар асоси тавофуқи миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи махсуси Дабири кулли СААШ оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Роберт Симпсон, намояндагони ҷониби мо ба даврҳои омӯзишии гуногун сафарбар шуданд, ки ин, бешубҳа, дар баланд бардоштани зарфияти касбии онҳо мусоидат менамояд. 

Бо назардошти таҳдиди рӯзафзуни терроризми байналмилаливу экстремизм ва вазъи ноором дар Афғонистон, ба вежа дар минтақаҳои шимоли он, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарзанд, ҳамкорӣ бо СААШ дар соҳаи мубориза бо терроризму экстремизм хуб ба роҳ монда шудааст. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадами мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва тавсеаи донишу малакаи касбии хеш дар курсҳои омӯзишиву конфронсҳои байналмилалии СААШ пайваста иштирок менамоянд.

Гузашта аз ин, ба мақсади мусоидат ба мардуми Афғонистон бо СААШ ҷиҳати ҳамлу нақл тавассути қаламрави Тоҷикистон барои амалиётҳои СААШ ва Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон миёни кишвари мо ва ин созмон созишнома ба имзо расонида шудааст. Соли 2014 ҷиҳати баровардани Эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон бо кишварҳои алоҳидаи аъзои созмони мазкур, ки раванди ҳамлу нақлро тавассути қаламрави кишвар назорат мекунанд, тавофуқномаҳо имзо шудаанд.

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо СААШ дар соҳаи илм метавон хуб арзёбӣ намуд. Академияи илмҳои кишвар бо бахшҳои илмиву тадқиқотии созмони мазкур ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Олимону донишмандони Тоҷикистон,  аз ҷумла Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар доираи барномаи “Илм барои сулҳ ва амният” ҳамкорӣ доранд.

Дар доираи Барномаи инфиродии шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СААШ, ки барои солҳои 2014-2016 ба имзо расида буд, дар кишвар як қатор чорабиниҳо дар чаҳорчӯби Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Шӯъбаи дипломатияи оммавии СААШ баргузор гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg