Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Аврупо
Шӯрои Аврупо ташкилоти байналмилалӣ буда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо миёни аъзои ташкилот ва кишварҳои Аврупо дар соҳаи стандартҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқи инсон, рушди демократия, қонуният ва иртиботи фарҳангӣ мусоидат менамояд. Шӯрои Аврупо шомили низоми Иттиҳоди Аврупо набуда, ташкилоти куллан мустақим мебошад.
Шӯрои Аврупо яке аз созмонҳои қӯҳансоли Аврупо ба ҳисоб рафта, соли 1949 ташкил дода шудааст. Айни замон 47 давлати дунё аъзои ин ташкилот мебошанд.
Шӯрои Аврупо бо тамоми давлатҳои дунё, аз он ҷумла кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ ва дуҷониба ҳамкорӣ менамояд. Тоҷикистон иштирокчии барномаҳои шарикии Шӯро мебошад. Ҳамкориҳоро ин Шӯро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи ниҳоди худ - Комиссияи Аврупоии “Демократия аз тариқи Қонун” (Комиссияи Венетсианӣ) назди Шӯрои Аврупо ба роҳ мондааст.
Тоҷикистон ҳавасманди густариши ҳамкории гуногунҷанба бо Шӯрои Аврупо буда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин роҳбари давлат аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба Шӯрои Аврупо ташриф овард.
6 июни соли 2011, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Страсбург бо Дабири кулли Шўрои Аврупо Торберн Янгланд мулоқот намуд.
Баъди анҷоми ин мулоқот Конвенсияи Аврупо оид ба эътирофи мутабодилаи тахассусоти ба маълумоти олӣ иртиботдошта ба имзо расид.
Ҳамчунин Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Аврупо эълон гардид, ки дар он самтҳои густариши робитаҳои минбаъдаи ду ҷониб муайяну мушаххас гаштааст.