СМЯК

04.01.2021 11:20

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони манъи яроқи кимиёвӣ 

Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ (СМЯК) ташкилоти байналмилалиест, ки бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид 29 апрели 1997, пас аз эътибор пайдо кардани Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи кимиёвӣ ва нобуд сохтани он, ки 13 январи соли 1993 ба имзо расид, таъсис ёфтааст. Айни замон 193 кишвар ширкаткунандаи ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ мебошанд.

Вазифаҳои калидии созмони номбурда таъмини назорати риояи манъи истифодаи яроқи кимиёвӣ, нобуд сохтани захираҳои он, мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳомези маводи кимиёвӣ, кӯмак ба давлатҳо дар таъмини муҳофизат аз яроқи кимиёвӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунандаи ин силоҳ маҳсуб меёбанд.

Дафтари марказии ин ниҳод дар шаҳри Гаагаи Подшоҳии Нидерланд ҷойгир буда, бо истифода аз ниҳодҳои худ, аз қабили Конфронси кишварҳои аъзои СМЯК, Шӯрои иҷроия ва Котиботи техникӣ ин созмон барои бунёди ҷаҳони озод аз силоҳи кимиёвӣ, мусоидат ба амният ва суботи байналмилалӣ, халъи силоҳ ва рушди иқтисодии ҷаҳонӣ талош ба харҷ медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 1995 иштирокчии Конвенсия дар бораи манъи коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи кимиёвӣ ва нобуд сохтани он буда, ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон барои татбиқи ҳадафу муқаррароти он муттасил чораҳои лозима меандешанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии ҳамкорӣ бо Созмони манъи яроқи кимиёвӣ ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои дохилии татбиқи Конвенсияи манъи яроқи кимиёвӣ мебошанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg