Нашри мақолаҳо дар маҷаллаи “Diplomatic World”

31.10.2022 10:29

DW-69-Cover.jpg

Дар Брюссел дар шумораи навбатии маҷаллаи машҳуру бонуфузи “Diplomatic World” маводҳои мухталиф бахшида ба Тоҷикистон нашр шудаанд. Дар шумораи 69-уми маҷалла мусоҳибаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дастоварду пешравиҳои пойтахт, маводи намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба имкониятҳои рушди сайёҳии устувор дар кишвар, Эъломияи ниҳоии Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» интишор ёфтаанд.

Ҳамзамон ба мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманд ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мақола зери унвони “2023 UN Water Conference: A watershed moment for the world” чоп шудааст.

Шакли электронии шумораи 69-уми маҷаллаи “Diplomatic World”-ро аз тариқи торнамои зерин мутолиа метавон кард: https://www.yumpu.com/en/document/read/67315195/diplomatic-world-69

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg