18-22 сентябри соли 2023 дар бинои Парлумони Аврупо бо ибтикори раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Томаш Здеховски ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва аксу мусаввараҳои рассомону аксбардорон аз манзараҳои зебои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон зери унвони “Пайвастшавии уфуқҳо: сайру саёҳати фарҳангӣ аз Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ба Иттиҳоди Аврупо” баргузор гардид.
Дар арафаи намоишгоҳ нишасти вакилони ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ва сафирони кишварҳои ҳавза бахшида ба нақши Осиёи Марказӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ доир шуд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон дар қатори аксу нигораҳо, доираи васеи адабиёт дар мавзуоти таърихиву фарҳангӣ ва тасвирӣ бо забони фаронсавӣ ва англисӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд.