27 сентябри соли 2023 дар қасри “Лакен” маросими супоридани эътимодномаи сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Музаффар Ҳусейнзода ба Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп баргузор гардид.
Дар суҳбате, ки пас аз анҷоми маросим сурат гирифт, намояндаи Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Подшоҳ Филипп ва мардуми дусти Белгия баён намуда, омодагиро барои рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд бо Белгия изҳор дошт.