Маросими супоридани эътимоднома ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо

10.10.2023 01:37

4b0ee34a-1691-4c5a-ab9b-123a52432a23.jpg

9 октябри соли 2023 дар ш.Брюссел маросими супоридани эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Музаффар Ҳусейнзода ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ҷ-би Шарл Мишел баргузор гардид.

Дар идомаи маросим мулоқоти дуҷониба ба вуқӯъ пайваст, ки зимни он намояндаи доимии Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо муҳтарам Шарл Мишел расонида, ҳавасмандӣ баҳри рушду таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро иброз намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg