Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Нидерланд

14.10.2023 20:53

 

9-14 октябри соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вилояти Хатлон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба Подшоҳии Нидерланд ташриф овард.

Дар рафти ин сафар ҳайати кишвар бо соҳаи кишоварзии Нидерланд шинос шуда, аз марказҳои инноватсонии гармхонаҳо, боғу тухмипарварӣ, коркарди маҳсулоти меваю ширӣ, корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли таҷҳизоти агросаноатӣ дидан кард.

Ҳамчунин зимни ин боздид бо иштироки ширкатҳои хусусӣ ва марказҳои байналмилалии инноватсионии Нидерланд ҳамоишҳои тахассусӣ доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи илму навоварӣ, табодули таҷриба ва тавсеаи тамосҳо байни доираҳои хусусӣ барпо гардид.

Ба мақсади густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мавриди назар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, табиат ва сифати ғизои Подшоҳии Нидерланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи  кишоварзӣ ба имзо расид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg