Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург

24.10.2023 01:00

23 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Дар муколамаи имсола, ки дар Люксембург баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ иштирок доштанд.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён роҷеъ ба сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ ибрози назар намуданд. Дар “Харитаи роҳ”-и ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки имрӯз қабул гардид, омодагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳри вусъати минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, ҳамбастагӣ, рақамикунонӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин амният ва таҳкими сарҳад ва муқовимат ба паёмадҳои тағйироти иқлим дарҷ гардидааст.

Дар анҷоми нишаст эъломияи муштараки вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg