25 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар Форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.
Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйн зимни суханронии ифтитоҳӣ дар назди иштирокчиён ҳадафҳои минбаъдаи ИА дар чаҳорчӯби ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-ро муаррифӣ карда, кишварҳоро ба ҳамкориҳои бештар даъват намуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “Гузариши сабз ва тавлиди гидроген” иштирок ва суханронӣ намуд. Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфиятҳои мавҷудаи кишвар соҳаи гидроэнергетикаро аз ҷумлаи муҳимтарин заминаи “гузариши сабз” ва манбаи асосии тавлиди гидрогени “сабз” номид. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули “Стратегияи иқтисоди сабз” заминаҳои бунёдии гузариш ба иқтисоди сабзро муҳайё намуда, ният дорад то соли 2050 тавлиди барқ аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшавандаро то ду маротиба афзоиш диҳад.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба мавҷудияти захираҳои табиӣ ва элементҳои нодир дар Тоҷикистон ишора кард, ки кишварҳои аз лиҳози саноат рушдёфта ба онҳо ниёз доранд. Ӯ аз кишварҳои шарик ва муассисаҳои молиявӣ даъват намуд, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо мусоидат намоянд.
Дар панелҳои сатҳи баланди Форуми “Дарвозаи ҷаҳонӣ”, намояндагони кишварҳои дунё роҷеъ ба масълаҳои гузариши сабз, тавлиди энергия аз манбаҳои таҷдидшаванда, долонҳои нақлиётӣ, инчунин маориф, пажӯҳиш ва бахши тандурустӣ мубодилаи афкор анҷом медиҳанд.
Ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”-и Иттиҳоди Аврупо соли 2021 эълон гардида, ҷамъомадҳои он соле як маротиба бо иштироки намояндагони кишварҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ, инчунин бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегарданд.
Иттиҳоди Аврупо ният дорад дар доираи ин ташаббус ва ҷалби 300 млрд евро бо кишварҳои дунё дар самтҳои тавлиди энергияи сабз ва водород, таъсиси долонҳои нақлиётӣ, рушди тандурустӣ ва маориф ҳамкорӣ намояд.
Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди энергияи сабз, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, инчунин рушди масирҳои алтернативӣ аз ҷумлаи самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ташаббуси “Дарвозаи ҷаҳонӣ”ба ҳисоб меравад.