Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1997 узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ/World Customs Organisation) мебошад.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук ҳамчун василаи фаъоли ҳамкорӣ ба нафъи кишвар арзёбӣ мегардад. Дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СУГ ва кишварҳои аъзо табодули таҷрибаю иттилоот байни маъмуриятҳои гумрук дар самти навсозӣ, интихоби усулҳо ва стандартҳои оптималӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳа аз имкониятҳои фаровон ҷиҳати тақвият бахшидану мустаҳкам кардани шабакаҳои инсонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти сарҳад баҳраманданд. Инчунин, ба мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва бозомӯзии кормандони соҳа ҷиҳати таҳкими институтҳои давлатӣ, тренингу давраҳои омӯзишӣ доир мегарданд.
Дар густариши робитаҳои Тоҷикистон бо СУГ боздидҳои намояндагони баландпояи ин ташкилоти байналилалӣ аз Тоҷикистон нақши муҳим бозид ва боиси ҳамгироии бештари иқтисодиёти Тоҷикистон ба низомҳои тиҷоратию гумрукии ҷаҳонӣ гардид.
12 октябри 2021, дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.
23-25 сентябри 2019, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук д-р Кунио Микурия бо мақсади мулоқот бо роҳбарияти кишвар ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо ба Душанбе сафари расмӣ анҷом дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СУГ-ро ба ҳузур пазируфт, ки дар ҷараёни мулоқот оид ба азнавкунонии таҷҳизоти гумрукии кишварро баррасӣ карданд.
Дар идомаи сафараш д-р Микурия бо роҳбарияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти гумрук мулоқот кард ва дар бораи пешрафти ҷойгиркунии зерсохтор ва технология дар гумрук пас аз сафари охирини худ ба ин кишвар, ки панҷ сол пеш сурат гирифта буд, баррасӣ кард. Номбурда инчунин аз терминали марказии барасмиятдарории гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва посгоҳи марзии ғарбии "Дӯстӣ" дар шаҳри Турсунзодаи марзӣ бо Узбекистон дидан карда, бо кори дидбонгоҳи гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ ва санҷиш шинос шуд.
1-2 октябри 2014, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии гумрук д-р Кунио Микурия ба Душанбе ташриф оварда, дар доираи ин сафар бо роҳбарияти сиёсию тиҷоратии кишвар як қатор мулоқотҳо баргузор намуд. Дар ҷараёни сафари расмии худ, Дабири кулл аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дидан намуд.
Дабири кулл аз фурсат истифода бурда ба минтақаҳои кишоварзӣ ташриф овард ва инчунин дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Созмон ба донишҷӯёну ҳайти омӯзгорон лексия хонд.
Соли 2015 Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содда ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрук аз 18 майи соли 1973 ҳамроҳ шуд.