21 октябри 2020, Гаага, дар маҷаллаи Diplomat Magazine мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд д-р Эркинхон Раҳматуллозода таҳти унвони “29 соли соҳибихтиёрии Тоҷикистон: қиссаи таҳаввулоти кишвар” ба нашр расид.
Дар мақола пиромуни давраҳои асосии ташаккули давлатдорӣ ва дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон, барқарорсозии иқтисодиёт, ислоҳоти соҳаҳои энергетика ва сайёҳӣ, инчунин қабули Стратегияи миллии рушд - 2030 ба мақсади ноил шудан ба пешрафти рушди иҷтимоию иқтисодӣ андешаронӣ карда шудааст.