Муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Белгия

28.01.2022 11:51

istockphoto-1093309064-612x612.jpg

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия 29 апрели 1992 барқарор гардида, моҳи апрели соли 1993 Сафорати Белгия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия аз соли 2001 фаъолият менамояд. 

Густариши муносибатҳо бо Подшоҳии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо ва мақарри ниҳодҳои асосии он барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Бино бар ин, равобитиТоҷикистон бо Белгия дар солҳои истиқлолият мунтазам рушд меёфтанд. Тоҷикистон ва Белгия ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дар дигар соҳаҳои эҳтимоми муштарак ба роҳ монданд.

Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона соли 2003 дар аввалин мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Алберти II зимни нахустин боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Брюссел гузошта шуд. 

Инчунин, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ табодули сафарҳои расмиву кории ҷонибҳо дар сатҳои гуногун нақши муҳим бозиданд. Аз ҷумла Сарвазири Подшоҳии Белгия Ҳерман Ван Ромпе, муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Белгия Дидйе Рейндерс ва Вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Крим, инчунин намояндагони Парлумони Белгия ва дигар ашхоси расмии Подшоҳӣ ба мақсади муҳокима ва баррасии масоили ҳамгироӣ барои барқарорсозии суботу эътидол дар Афғонистон, рушди ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Белгия дар солҳои гуногун бо сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия, ки иҷлоси нахустини он дар шаҳри Брюссел моҳи октябри 2017 баргузор гардида буд, абзори муҳиме барои тақвияти муносибатҳои фарогир талоққӣ мешавад. Ҳайати Тоҷикистон дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Белгия дар сатҳи Директори генералии Хадамоти федеролии корҳои хориҷӣ оид ба равобита дуҷониба намояндагӣ карда мешаванд.

Инчунин, дар муносибатҳои муосир алоқаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар инкишоф меёбанд. Соли 2011 Ёддошти тафоҳум миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия ба имзо расид ва миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Подшоҳии Белгия Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорату савдо ба таври фаъол инкишоф ёфта истодааст.    

Соли 2011 дар Брюссел Бизнес-клуби Белгия – Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он метавонад ҳамчун саҳнаи мусоид барои робитаҳои доимии судовар бо доираи соҳибкорони аврупоӣ ва муаррифии имконоти иқтисодиву сармоягузории мамлакат дар ҷомеаи тоҷирони белгиягӣ истифода шавад. Нишастҳои Форуми сармоягузории Тоҷикистон-Белгия одатан дар шаҳри Брюссел барпо мегарданд. 

Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Белгия дар соли 2021 – 42.1 млн евро-ро ташкил дод. Содирот ба Белгия аз фулузот ва маснуоти саноати бофандагӣ иборат буда, моддаҳои химиявӣ ва пластикӣ, озуқаворӣ воридот ба Тоҷикистонро ташкил доданд.

Ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ Белгия консулии фахрии худро дар Душанбе ифтитоҳ намудааст.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

Пас аз барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат таъсис дода шуда, имрӯз он аз асноди зерин иборат аст:

  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия - Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (02/2009);
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (02/2009);
  • Протокол миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ (02/2009);
  • Ёддошти тафоҳум миёни парлумонҳои Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия (2011);
  • Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия (2013).

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg