Муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Люксембург

28.01.2022 11:52

158098340-national-vector-fabric-wave-flags-of-tajikistan-and-luxembourg-isolated-on-white-background-1-to-2-p.jpg

Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳертсогии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд. 

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ҳамзамон сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар ш.Москва мебошад.

Гарчанде Люксембург кишвари на он қадар калон дар Аврупо ба шумор меравад, аммо ҳамкориҳо бо ин кишвар барои Тоҷикистон муҳим мебошанд.

"Қисмати аврупоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати берунаи мо муқаррар шудааст ва дар ин чаҳорчӯба Люксембург мавқеи хоса дорад”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар далели таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар  мебошад.  

Аз давраи барқарорсозии робитаҳои дипломатӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба солҳои 2004 ва 2011 ба Люксембург сафар намудааст. Дар рафти сафарҳо мулоқотҳои муфиду созанда бо Ҳертсоги Бузург Ҳенрӣ ва як қатор ашхоси расмӣ, инчунин доираи соҳибкорони Люксембург анҷом дода шуда,  музокирот доираи васеи мавзӯъҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Люксембург, ҳамкориҳои минтақавӣ, амният, масъалаҳои обу энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.

Мубодилаи сафарҳои расмӣ ва боздидҳои мақомҳои дигар, аз ҷумла сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн ба Душанбе, инчунин ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Люксембург такони тоза бахшиданд. 

Ҳамкориҳои иқтисодӣ

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Люксембург дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат дар марҳалаи оғоз қарор дошта, он бештар бо Бонки сармоягузории Аврупо, ки мақарраш Люксембург аст пиёда мегардад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона

Соли 2010 бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Дастгоҳи Сарвазиру Вазорати корҳои хориҷии Люксембург дар шаҳри Люксембург ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Люксембург таъсис дода шудааст ва он ба феҳристи ташкилотҳои ҷамъиятии Ҳертсогии Бузурги Люксембург ворид карда шудааст.

Ҳукумати  Ҳертсогии Бузурги Люксембург дар роҳи беҳтар намудани вазъи беҳдоштӣ ва муолиҷаи маъюбон кӯмакҳои башардӯстона ироа намудааст.

Пояи қарордодиву ҳуқуқӣ

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду давлат аз асноди зерин иборат аст:

  • Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (Люксембург, соли 2004);
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳертсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя (Люксембург, соли 2011);
  • Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳертсогии Бузурги Люксембург дар бораи алоқаи ҳавоӣ (Люксембург, соли 2011);
  • Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Герсогии Бузурги Люксембург оид ба алоқаи ҳавоӣ (Люксембург, соли 2011);    
  • Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои Люксембург оид ба ҳамкорӣ (Люксембург, соли 2011). 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg