Зиёфати расмӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолият дар Брюссел

08.09.2016 15:17

7 сентябри соли 2016 дар толори таърихӣ ва барҳавои Ҷамъияти шоҳаншоҳии адабиёт ва фарҳанги Шоҳигарии Белгия зиёфати расмӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дирк Ахтен, Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле, Раиси Гӯрӯҳи дӯстии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо Ҳерберт Дорман, вакилони Парлумони Аврупо, Директори Директорати Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ Лук Девин, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Брюссел, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони Нерӯ, Шӯрои Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО, инчунин аъзоёни диаспораи тоҷикони муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ Сафир ба ҳозирин роҷеъ ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли истиқлолият, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ин давра ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар маълумоти фишурда манзур намуд.

Ба таваҷҷӯҳи меҳмонон навори видеоии муаррификунандаи дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, табиати нотакрор, имкониятҳои сайёҳӣ, фарҳанг, мусиқӣ ва ҳунарҳои миллӣ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, дар айвони бино намоиши аксҳо, ҳунарҳои миллӣ, сӯзанӣ ва брошюраҳо дар бораи таъриху фарҳанг ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg