
9 майи соли 2021, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир дар кишварҳои Бенилюкс д-р Эркинхон Раҳматуллозода дар маросими гузоштани гулчанбарҳо ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанг – шаҳрвандони Шӯравӣ, ки дар роҳи озод кардани Белгия ва аъзои ҳаракати Муқовимати он ҳалок шуданд, ширкат варзид. Маросим дар назди муҷассамаҳои сарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар қабристони коммунаи Эвери Брюссел баргузор шуд.

