9 июни соли 2021, Иттиҳоди Аврупо кӯмаки башардӯстона ба маблағи 100 000 евро ба осебдидагони селобҳо дар вилояти Хатлони Тоҷикистон расонид.
Ҳамзамон, ИА тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона дар намуди маводҳои ғайрихӯрока, аз ҷумла бистар, кампал, рахти хоб, амлоку амволи ошхона ва маводҳои гигиениву беҳдоштӣ ироа намуд.
Аз 6 то 13 майи 2021 боронгариҳои шадид боиси селу обхезӣ ва кӯчиши замин дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон гардиданд. Бино бар арзёбиҳои аввалия, офатҳои табиӣ ба ҳаёти зиёда аз 25000 нафар таъсир расонида, боиси хароб гардидани 907 манзили истиқоматӣ шудаанд.