Боздиди Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон

23.05.2021 19:39

IMG-9405-21-05-2021.jpg

17-23 майи соли 2021 Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Сафир Петер Буриан ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод.

21 майи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо перомуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Стратегияи нави ИА дар минтақа ва барномаҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон густариши муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар қолабҳои Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд. Ҳамчунин дар мулоқот масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон ва хатари терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин Сафир Буриан бо муовинони сарвазир Давлаталӣ Саид ва Усмоналӣ Усмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин ба мақсади муҳокимаи мавзӯъҳои калидии ҳамкории ИА ва Тоҷикистон мулоқот кард.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg