Аввалин мулоқоти Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи волоияти қонун дар ОМ

04.06.2021 16:18

4 июни соли 2021, аввалин мулоқоти Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023-и ИА ва Шӯрои Аврупо дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, Прокуратураи генералӣ, судҳои олӣ, агентиҳои зидди коррупсия, шӯроҳои конститутсионӣ, дафтарҳои омбудсмен, намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар муассисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири адлия Нигина Ализода роҳбарӣ кард.

Барномаи волоияти қонун дар Осиёи Марказӣ 2020-2023, ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Шӯрои Аврупо дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба таҳкими ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва рушди демократия дар кишварҳои минтақа равона шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg