
8 июли 2021 Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода дар бинои Сафорат дар Брюссел Намояндаи вижаи ҷадиди ИА оид ба Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакаларо ба ҳузур пазируфт.
Сафир Намояндаи вижаро ба муносибати ба иҷрои вазифаҳои нав оғоз намуданаш табрик гуфта, барояш дар роҳи татбиқи Стратегияи нави ИА оид ба Осиёи Марказӣ ва нақшаҳои созанда дар самтҳои мутааддиди ҳамкорӣ комёбиҳо орзу кард.
Сӯҳбати бисёр самимӣ ва шавқоваре доир шуда, пиромуни чорабиниҳои қарибулвуқуъи ИА ва ОМ – Конфронси байналмилалии Тошканд дар мавзуъи иттисолоти минтақавӣ, Форуми иқтисодии Бишкек, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Қазоқистон, вохурии вазирони корҳои хориҷии ИА ва ОМ дар Душанбе мубодилаи созандаи афкор сурат гирифт ва ҳарду ҷониб дар масоили тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои оянда ба мувофиқа расиданд.