Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ба котиби якуми Сафорат Зардова Н.Н. ба муносибати даргузашти ҷонгудози падари бузургвораш ибрози тасаллияти амиқ ва ҳамдардии самимӣ менамоянд. Худованд марҳумро бо раҳмати восеаш фаро гирифта, дар фирдавси барин ҷояш диҳад.
Дар ин рӯзҳои сангин мо ба ҳамаи фарзандон, пайвандон ва наздикони фақид аз Парвардигор неруву қувват ва сабри ҷамил хоҳонем.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.