Муносибатҳои дуҷониба

28.01.2021 10:41

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 1 апрели соли 1993 барпо шудааст. Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якуми январи соли 1992 ба расмият шинохт.

Нахустин вохӯрии сатҳи олӣ миёни сарони ду давлат  - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳуснӣ Муборак декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар ш. Дорулбайзои Подшоҳии Марокаш  доир гардидааст.

4 феврали соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Арабии Миср боздид ба амал овард. Президенти Миср Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак сарвари давлати Тоҷикистонро самимона истиқбол гирифт. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстона миёни ду кишварро таъкид намуда, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Мисри Араб, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».

Дар ҷараёни ин сафари расмӣ шаш санад ба имзо расид:

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва техникию илмӣ;
  2. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди генералии палатаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Арабии Миср;
  3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
  4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ;
  5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;
  6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф.

 

Соли 2017 миёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид, яке 20 май дар шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) дар остонаи Иҷлоси сарони кишварҳои арабию мусулмонӣ бо ИМА ва дувумӣ 5 сентябр дар ш.Сямэн (Чин) дар ҳошияи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС.

 Дар ин мулоқотҳо сарони ду кишвар сатҳу муҳтавои муносибатҳо ва муштаракоти фарҳангиву таърихии байни ду кишварро сутуда, таъкид намуданд, ки ба густариши бештари муносибатҳои дуҷониба ва табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногун, ки ба суди ҳар ду кишвар аст, эҳтимом доранд.

Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Миср дар соли 2007 марҳилаи сифатан нави ҳамкориро оғоз бахшид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg