Муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср

01.03.2013 07:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 1 апрели соли 1993 барқарор шуданд. Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро якуми январи соли 1992 ба расмият шинохт.

Нахустин вохӯрии сатҳи олӣ миёни сарони ду давлат  - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳуснӣ Муборак декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (қаблан Созмони Конфронси Исломӣ) дар ш. Дорулбайзои Подшоҳии Марокаш  доир гардидааст.

4 феврали соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Арабии Миср боздид ба амал овард. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти рушди муносибатҳои дӯстона миёни ду кишварро таъкид намуда, аз ҷумла чунин изҳор доштанд: «Таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Арабии Миср, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавию байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад». Дар ҷараёни ин сафари расмӣ шаш санад ба имзо расид.

Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Миср дар соли 2007 марҳилаи сифатан нави ҳамкориро оғоз бахшид. Ба хотири татбиқи созишномаҳои баимзорасида Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмии миёни ду кишвар таъсис дода шуд ва ҷаласаи аввалини он 23-27 январи соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Соли 2017 миёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид: яке 20 май дар шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) дар остонаи Иҷлоси сарони кишварҳои арабию мусулмонӣ бо ИМА ва дуввумӣ 5 сентябр дар ш.Сямэн (Чин) дар ҳошияи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС.

3 октябри соли 2019 дар Қоҳира даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зери роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳонӣ Салим баргузор шуд. Дар машваратҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.

9 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср сафар намуданд. 10 март Мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ бо баррасии масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср оғоз гардида, зимни музокироти васеъ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Дар доираи сафари расмӣ панҷ санад ба имзо расид.

10 март дар Қоҳира Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Мустафо Мадбулӣ мулоқот дошта, ҳамроҳи ӯ дар ифтитоҳи Форуми соҳибкорони тоҷику мисрӣ иштирок намуданд. Бар асоси натоиҷи Форуми мазкур 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар ҷараёни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи Қоҳира дидан намуда, дар назди ҳайати омӯзгорону донишҷӯён суханронӣ карданд. Барои саҳми арзанда дар таҳкими равобити дӯстонаи Тоҷикистону Миср, тавсеъаи равобити илмӣ, амниятӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ ва махсусан ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим бо қарори Шӯрои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи Қоҳира ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, унвони “Доктори фахрӣ”-ии Донишгоҳи Қоҳира дода шуд.

Миёни Тоҷикистон ва Миср самтҳои зиёди афзалиятноки ҳамкорӣ ва имконоти зиёди истифоданашуда вуҷуд доранд, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ, барқароркунӣ ва бунёди шабакаҳои обёрӣ, сохтмони корхонаҳои муштарак барои анҷом додани ҷустуҷӯҳои геологӣ ва азхудкунии маъданҳои зеризаминӣ, коркарди мева ва сабзавот, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта ва коркарди он ва дар ин замина бунёди корхонаҳои нассоҷӣ, коркарди чарм, рушди саноати хӯрокворӣ, туризм, омӯзиши кадрҳо ва ғайра.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg