Вохӯрии Сафир бо Раиси Сенати Миср

07.09.2022 13:27

6 сентябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Сенати Миср Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ, ки дар бинои Сенати Миср баргузор гардид, масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст, ба вижа ташкил ва тавсиаи робитаҳои судбахши байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд ба фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули сафарҳо ва омӯзиши таҷриба ва маҳоратҳои касбии ду ҷониб  зоҳир гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg