Вазири корҳои хориҷӣ фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистонро ба ҳузур пазируфт

28.11.2022 15:09

28 ноябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфт.

Гуфтугӯи судманд дар масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар Афғонистон, инчунин ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат бар зидди терроризми байналмилалию ифротгароӣ доир гардид.

Ҳамчунин роҷеъ ба робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

28.11.2022.18.10.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg