11 июл Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Имоми акбари муассисаи Азҳари шариф шайх Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории илмию таълимӣ ва фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва ин муассисаи дорои эътибори ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Бо ишора ба мақому мартаба ва нуфузи ҷаҳонии Азҳари шариф таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар таълиму тарғиби исломи васатию муътадил, таҳаммулпазирии динӣ ва мубориза бо ифротгароӣ зоҳир гардид.